Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон заҳролудшавии хонандагони мактабро таҳқиқ мекунанд


Мактабе дар Қазоқистон
Мактабе дар Қазоқистон

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 8 ноябр хабар дод, ки дар пайи заҳролудшавии кӯдакон дар мактаби деҳаи Сарикамари вилояти Ҷамбили Қазоқистон таҳқиқ шуруъ шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, рӯзи 7 ноябр якбора 46 хонанда ва ду омӯзгори мактаби деҳа ба бемористон муроҷиат кардаанд. Пизишкон 33 хонанда ва ду омӯзгорро бистарӣ кардаанд.

Дар бемористон гуфтанд, эҳтимол меравад, хонандагону омӯзгорон аз ғизо заҳролуд шуда бошанд.
XS
SM
MD
LG