Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон хостанд, дахолат ба ҳаёти рӯзноманигорон бас шавад


Ҷомеаи расонаии Қирғизистон 7-уми ноябр, дар Рӯзи иттилоъ ва нашр, ба унвони мақомоти он кишвар нома фиристод. Дар нома аз хатарҳое ёд шудааст, ки журналистикаи Қирғизистон бо он рӯ ба рӯст.

Дар изҳорот омадааст, "расонаҳои озод, рӯзноманигории мустақил, блогерҳо ба фишори бесобиқа аз сӯи мақомот ва фабрикаи махсуси дурӯғпаронканҳо рӯ ба рӯ шудаанд".

"Яке аз усулҳои бадтарини фишор дахолат ба ҳаёти шахсӣ аст. Имрӯз бо поймол кардани меъёрҳои қонунгузорӣ видеоҳои шахсӣ, гуфтугуҳои хонаводагӣ, аксҳои хусусӣ ва дигар маълумоти шахсӣ бо истифодаи алфози душманона ва бадномакунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Конститутсия ҳуқуқро ба ҳаёти шахсӣ кафолат додааст. Давлат расонаҳои мустақилро барои қонунвайронкунии ҷузъӣ мебандад ва шаҳрвандони дорои мавқеи фарқкунандаро фавран пайдо мекунад, аммо ин чораҳоро барои пешгирӣ аз паҳншавии маълумоти хусусии рӯзноманигорон ва блогерон истифода намекунад", - омадааст дар изҳорот.

Ҷомеаи рӯзноманигорӣ ҳамчунин аз қабули тарҳи қонун "Дар бораи расонаҳо" ва "Дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳорот аз мақомот даъват шудааст, ки барои ҳифзи ҳаёти шахсии рӯзноманигорон ва блогерони Қирғизистон чораҷӯӣ шавад.

XS
SM
MD
LG