Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивен Капус президенти нави Радиои Озодӣ шуд


Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стивен Капусро иҷрокунандаи вазифаи президенти радио таъйин кард.

Капус дар гузашта мақомҳои калидиеро дар телевизионҳои "CBS News" ва "NBC News" ба зимма дошт.

Стивен Капус беш аз 40 сол боз дар бахши рӯзноманигорӣ ва мудирияти расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла беш аз 25 сол дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Ӯ соли 2005 президенти телевизиони "NBC News" шуд.

"Мо бисёр хушҳолем, ки Стив розӣ шуд, Радиои Озодиро дар чунин як лаҳзаи муҳим дар таърихи радио раҳбарӣ кунад", - изҳор дошт намояндаи Шӯрои мудирони радио Карен Корнблуҳ.

Капус то замони тасдиқ шудани номзадияш аз ҷониби Шӯрои машваратии Амрико дар умури радиошунавонӣ ва Конгресс иҷрокунандаи вазифаи президент хоҳад буд.

Стивен Капус корро аз 1-уми январ соли 2024 оғоз мекунад. Ӯ дар ин мақом Ҷейми Флайро, ки тобистони имсол истеъфо дод, иваз хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Ҷеффри Гедмин президенти муваққати радио аст.

XS
SM
MD
LG