Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳа"-и Тоҷикистону даҳҳо кишвар ва “не”-и Исроилу Амрико


Маҷмаи Умумии Созмони Милал. Акс аз бойгонӣ
Маҷмаи Умумии Созмони Милал. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз як қатънома ба нафъи Куба пуштибонӣ кардааст.

Онро Маҷмаи Умумии Созмони Милал рӯзи 2-юми ноябр пазируфт.

Дар қатънома ба зарурати поён бахшидан ба таҳрими иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва молии Амрико алайҳи Куба таъкид шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Куба, Бруно Родригес Паррилла, дар Созмони Милал гуфт, ки кишвараш барои Иёлоти Муттаҳида ҳеч таҳдид надорад ва "даҳсолаҳо зери фишори иқтисодӣ қарор додани як давлати кӯчак қобили қабул нест".

Амрико ва Исроил ба қатънома зид баромаданд.

187 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону ҳамсояҳояш аз он ҳимоят карданд.

Украина аз ройдиҳӣ худдорӣ варзид.

XS
SM
MD
LG