Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли рабудашудаи русро дар Бишкек аз Маскав “ёфтанд”


Лев Скорякин
Лев Скорякин

Фаъоли созмони русии "Қаноти чап" Лев Скорякинро, ки 17-уми октябр дар Қирғизистон аз сӯи афроди ношинос рабуда шуда буд, дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав пайдо кардаанд.

Созмонҳои "Черная книга капитализма" ва "Поддержка политзаключённых. Мемориал" хабар доданд, ки фаъоли русро як рӯз пас аз рабуда шудан дар Бишкек иҷборан ба ватанаш бурдаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кормандони боздоштгоҳ маҳалли нигаҳдории Скорякинро пинҳон ва ӯро шиканҷа кардаанд, то гӯяд, ки ихтиёрӣ ба Русия рафт.

Мақомоти Русия Скорякин ва фаъоли дигари рус Руслан Аббосовро барои барпо кардани иқдоме дар моҳи декабри соли 2021 ба ҷустуҷӯ дода буданд. Ҳар ду фаъолро ба майдаавбошӣ ва вайронагрӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG