Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи "Қулма-Қаросу" бозсозӣ мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Гузаргоҳи "Қулма-Қаросу", масири асосии овардани молу коло аз Чин ба Тоҷикистон бозсозӣ мешавад.

Ин нукта дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ма Синжуй, котиби якуми Ҳизби коммунисти Чин дар ноҳияи Синзян-Уйғур, садо додааст. Дидор 2-юми ноябр дар Душанбе анҷом шудааст.

Ба навиштаи Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба алоқамандии кишвараш барои рушди ҳамкорӣ бо ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур баён кардааст.

Пекин солҳои ахир ба яке аз сармоягузорони умда ва қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон табдил шудааст. Кишварҳои ғарбӣ борҳо Душанберо аз хатарҳои бебаркаши Чин ҳушдор додаанд, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъала то ин ҳад нигаронкунанда нест.

XS
SM
MD
LG