Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимҷон Насриддинов кист ва Амрико ӯро ба чӣ муттаҳам мекунад?


Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук. Акси аввал аз моҳи сентябри соли 2019 аст ва ҳангоми супурдани медали "Хзмати шоиста" барои саҳмаш дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"
Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук. Акси аввал аз моҳи сентябри соли 2019 аст ва ҳангоми супурдани медали "Хзмати шоиста" барои саҳмаш дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"

Салимҷон Насриддинови 52-сола аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар минтақаи Бруклини шаҳри Ню-Йорк боздошт шуд.

Насриддинов ва ду шарики ӯ, Николай Голстев ва Кристина Пузирева, ба вайрон кардани "Санади ислоҳоти назорати содирот" (Export control reform act) гумонзад ҳастанд. Гуфта мешавад, онҳо аз ширкатҳои Амрико фанноварӣ ва таҷҳизот харида, ба Русия фиристодаанд, ки метавонад барои сохтани силоҳ истифода шаванд. Мавқеи гумонбарон, наздикон ва ё вакилони мудофеи онҳо феълан дастрас нест.

Амрико пас аз ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина содироти таҷҳизот ва фанновариҳоеро, ки барои сохтани ҳар гуна силоҳ ва ё умури ҳарбӣ истифода шавад, ба Русия манъ кардааст.

Ҳабси ин се нафарро маъмури махсуси Департаменти амнияти дохилии Амрико Евгений Гершман дархост кардааст. Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми ноябр бо нусхаи санад ошно шуд. Ба навиштаи Евгений Гершман дар ин санад Салимҷон Насриддинов аслан ба харидани таҷҳизот ва фанновариҳо аз ширкатҳои амрикоӣ машғул буд ва аз ин рӯ 11-уми июни соли 2021 ширкати SH Brothers Group-ро бо суроғае дар Бруклини Ню-Йорк таъсис додааст.

Бо ин ҳадаф Насриддинов ҳамчунон 30-юми январи соли 2023 ширкатеро бо номи SN Electronics таъсис додааст, ки ба номи завҷааш сабт шудааст.

Кристина Пузирева, ки шаҳрвандии Канада ва Русияро доштааст, бо шаҳвараш Николай Голтсев аз корашрикони Салимҷон Насриддинов гуфта мешаванд. Ин ду нафар ҳам рӯзи 31-уми октябр дар меҳмонхонае дар Манҳеттени Ню-Йорк, замоне ки нияти рафтан ба сӯи Насриддиновро доштанд, дастгир шудаанд.

Бино ба натиҷаҳои тафтишот Насриддинов ва Голтсев таҷҳизоти истифодаашон дугонаро (манзур шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ) аз ширкатҳои амрикоӣ дар чанд суроға дар Бруклин супориш медод. Бо дастрас шудани онҳо дубора қуттибандӣ карда тавассути ширкатҳои миёнарав дар Ҳонгконг, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ба Русия мефиристодаанд.

Дар ҳоле ки мавқеи худи онҳо ба иттиҳом дастрас нест, дар санад гуфта мешавад ин фанновариҳо ба ширкатҳои “Тесткомлект”, “Радиоавтоматика”, “ЕКВ- Нева” ва “Комтек”-и Русия фиристода мешуданд. Ин ширкатҳо зери таҳрими Амрико қарор доранд.

Ба ҳайси далели ҳамкории ин се нафар Гершман аз ҷумла аз мукотибаи байни онҳо тавассути паёмрасон иқтибос кардааст. Барои мисол, рӯзи 23-юми феврали соли 2023 Насриддинов ба Голтсев навиштааст: “Рӯзи муҳофизони Ватан муборак!” “Ба ту ҳам муборак дӯстам, мо аз роҳе ки метавонем дифоъ карда истодаем,” -- навиштааст дар посух Голтсев ба Насриддинов.

Ҳамчунон гуфта мешавад, дар суратҳисоби бонкии завҷаи Голтсев -Пузирева суроғаи хонае, ки Насриддинов зиндагӣ мекард, зикр шудааст. Дар умум маъмури вижа Гершман 49 мавриди ҳамкориҳои созмонёфтаи Насриддинов, Голтсев ва Пузиреваро номбар карда, аз додгоҳ хостааст, онҳоро ба ҳабс гирад. Шарҳи гумонбарон ва ё наздикону вакилони мудофеи онҳо ба иттиҳомҳо дастрас нест.

Салимҷон Насриддинов дар байни муҳоҷирони тоҷики Амрико фарди шинохта ва соҳибкори муваффақ дониста мешавад. Гуфта мешавад ӯ ҳамчунон молик ё ҳаммуасиси тарабхонае бо номи “Тандурӣ” дар Бруклин аст.

Гуфта мешавад Насриддинов солҳои дароз дар Русия кор ва зиндагӣ карда, аз ҷумла дар харид ва дастрас кардани таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ёрӣ кардааст. Ӯ ҳамчунон фаъолияти илмӣ дошта, доктори илмҳои иқтисодӣ аст. Рисолаи докториашро дар Русия дифоъ кардааст.

Моҳи августи соли 2021 Салимҷон Насриддинов ва ҷамъе аз тоҷикони Амрико аз таъсиси созмоне ба номи “New Tajik Generation” хабар дода буданд. Ҳадаф аз таъсиси ин созмон кумак ба муҳоҷирони тоҷик дар Амрико ва таълими забони тоҷикӣ барои фарзандони муҳоҷирон гуфта мешуд.

Салимҷон Насриддинов аз ҷонибдорони расман бозгардони номи порсӣ ба забони тоҷикӣ буда, соли 2018 зери як номаи саркушода ба порлумони Тоҷикистон ба ин мазмун имзо гузоштааст. Дар ин фарохон ӯ ҳамчун муҳандис аз Русия муаррифӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG