Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ду шаҳрванди Русия дар Қазоқистон ҳаққи паноҳандагӣ доданд


Наталя Нарская, фаъоли рус
Наталя Нарская, фаъоли рус

Фаъоли мадании ёқутистонӣ Айхал Аммосов ва фаъоли русиягӣ Наталя Нарская, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Алмато қарор доранд, шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дар Қазоқистонро дарёфт карданд.

Вакили дифоъ Мурод Одамов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки ин санад феълан истирдоди боздоштшудаҳоро ба ватан манъ мекунад.

Ба гуфтаи Одамов, додситонии маҳаллӣ дар ин бора огаҳ карда шудааст.

Наталя Нарскаяи 29-сола, омӯзгори мусиқӣ, ки аз Русия ба Қазоқистон муҳоҷират карда буд, моҳи июли соли ҷорӣ бо дархости Русия боздошт шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, нисбати Нарская бо моддаи даъват ба тундгароӣ парванда боз шудааст. Баъди як мусоҳибаи зидди ҷанги Русия дар Украина нисбати Нарская чунин парванда боз кардаанд. Нарская дар он мусоҳиба аз ҳукумати Русия ва онҳое, ки аз ҷанги Русия зидди Украина ҳимоят мекунанд, интиқод карда буд.

Зидди Аммосов бо банди "бадномсозии артиш" парванда боз шудааст, вале он ба гуруҳи ҷиноятҳое, ки гумонбаронашон ба ватан бояд истирдод шаванд, шомил намешавад. Айхал Аммосов яке аз фаъолони Ҷунбиши истиқлолхоҳи Ёқутистон аст. Ӯ зидди ҳамлаи низомии Русия ба Украина баромад мекард. Вай баъди таъқибҳои мақомоти рус соли 2022 ба Қазоқистон фирор карда буд.

XS
SM
MD
LG