Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ҳамлаи пурқурбонии Исроил ба Ғазза марз бо Миср боз шудааст


Марзи Ғазза бо Миср
Марзи Ғазза бо Миср

Пас аз ҳамлаи пурқурбонӣ ба паноҳгоҳи Ҷабалия дар навори Ғазза садҳо нафар талош доранд, аз ин минтақа ба Миср паноҳ баранд.

Мақомоти Ғазза эълон карданд, ки дар ҳамлаи Исроил ба паноҳгоҳи Ҷабалия дар рӯзи гузашта 195 фаластинӣ кушта шудааст. Исроил гуфт, дар паноҳгоҳ як фармондеҳи ҲАМОС пинҳон шуда буд.

Хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки рӯзи 2-юми ноябр беш аз 500 нафар дар гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Ғазза бо Миср ҷамъ шудаанд, то минтақаи гирифтори ҷангро тарк кунанд. Аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷианд. Бар асоси як созиш миёни Исроил, Миср ва ҲАМОС гузаргоҳи Рафаҳ барои гузаштани захмиён ва хориҷииён боз шудааст.

Рафаҳ, ягона гузаргоҳ аз Ғазза ба як кишвари хориҷӣ аст. Тамоми гузаргоҳҳои дигари Ғазза зери назорати Исроил қарор доранд.

Як дипломат ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки 7500 нафаре, ки шиносномаи кишварҳои хориҷӣ доранд, давоми ду ҳафта бояд аз ин роҳ Ғаззаро тарк кунанд.

Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба хокаш ба бомборони Ғазза оғоз кард. Дар ҳамлаи ҲАМОС дар рӯзи 7-уми октябр ба Исроил 1400 нафар кушта ва беш аз 200 нафар гаравгон гирифта шуд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 8 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдаконанд. Даъватҳо барои оташбасро Исроил ҳанӯз қабул накардааст.

XS
SM
MD
LG