Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ва "Газпром" дар бахши энержӣ ҳамкорӣ мекунанд


Ширкати русиягии "Газпром" бо ҳукумати Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар бахши энержӣ имзо карданд. Дар ин бора вазорати энержии Узбекистон рӯзи 1 ноябр хабар дод.

Ин санад рушди ҳамкориҳо дар бахши воридоти энержӣ ва интиқоли газ, инчунин иктишофи геологӣ ва истихроҷи гидрокарбонҳоро дар назар дорад.

Ба ҷуз ин, ҷонибҳо масъалаи ворид кардани гази Русияро ба Узбекистон тавассути ҳудуди Қазоқистон баррасӣ кардаанд.

Миёнаҳои моҳи июни соли ҷорӣ Тошканд бо "Газпром" оид ба воридоти гази Русия ба Узбекистон шартнома имзо карда буд. Бино ба ин шартнома, Русия ба Узбекистон солона наздики 2,8 миллиард метри мукааб газ ворид хоҳад кард. Аммо маълум нест ин миқдор газ бо чӣ қимате харида мешавад.

XS
SM
MD
LG