Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боливия робитаҳои дипломатиро бо Исроил бас кард


Боливия робитаҳои дипломатиро бо Исроил бас кард ва далелашро ҳамлаҳои Телавив ба Навори Ғазза номид. 

"Мо талаб мекунем, ки ҳамлаҳо ба навори Ғазза, ки алакай боис ба марги ҳазорҳо ғайринизомӣ ва фирори иҷбории фаластиниён гашт, хотима ёбанд", - гуфтанд дар маъмурияти президенти Боливия Луис Арсе.

Муовини вазири корҳои хориҷии Боливия гуфт, кишвараш "ҳамлаи таҷовузкоронаи низомии Исроил ба навори Ғазза ва таҳдидҳои он ба сулҳу амнияти байнулмилалӣ"-ро маҳкум мекунад.

Боливия соли 2009 низ ба далели ҳамла ба Ғазза муносибатҳои дипломатиро бо Исроил қатъ карда буд. Робитаҳои ду кишвар танҳо соли 2020 барқарор шуданд.

Колумбия ва Чилӣ низ ба ҳамин сабаб сафирони худро аз Телавив фаро хонданд ва президенти Бразилия амали Исроилро "девонагӣ" номид.

XS
SM
MD
LG