Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ва "Истиқлол" дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ мекунанд 


Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзи 1-уми ноябр доир мегардад, бошгоҳҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе вориди рақобат мешаванд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб соати 14:00 оғоз меёбад.

Дар арафаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 сармураббиёни ҳарду даста дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон андешаҳои худро баён карданд.

Игор Черевченко, сармураббии «Истиқлол», гуфт, «ин бозӣ барои мухлисон ид аст. Мо ба рақибамон боэҳтиром муносибат мекунем. «Равшан» дастаи хуб аст, дар Ҷоми Тоҷикистон то ба финал расид. Мо бозии хубро интизорем.»

Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», иброз дошт, ки дар финали Ҷоми Тоҷикистон ҳатман ғолиб муайян мешавад. Вай афзуд, «бозии ниҳоӣ, ба фикрам, шавқовар мегузарад. Мо дар хона бозӣ мекунаем, бинобар ин дар варзишгоҳ «аншлаг» мешавад ва 20 ҳазор мухлис ҷамъ хоҳад омад. Дар майдони чаманаш табиӣ бозӣ мекунем, ки барои ҳарду даста баробар аст.»

Довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак сардовари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 таъйин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринав иҷро менамояд.

Довари FIFA Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе бо VAR (видеодовар) ва довари FIFA Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ба ҳайси ёвари довари кор бо VAR фаъолият мекунанд.

Абдураҳим Бобоев аз шаҳри Турсунзода кори ҳайати доваронро назорат хоҳад кард. Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози финал ва Субҳон Шодиев комиссари бозӣ таъйин гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Равшан» қаблан ҳеҷ гоҳ бо ҳам рӯбарӯ нашуда буданд. Футболбозони «Истиқол» 13 бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, 9 бор Ҷоми миллиро ба даст овардаанд.

«Равшан» бошад (соли 2003, замоне ки даста «Олимп-Ансол» ном дошт), се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромада, ду бор - солҳои 1994 ва 2020 барандаи мусобиқот шудаанд..

Ҷоми Тоҷикистон-2023

Финал

1-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» – «Равшан»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2022):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4

XS
SM
MD
LG