Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макаревич гуфт, ба созмондиҳандагони консерташ дар ОМ таҳдид кардаанд


Андрей Макаревич
Андрей Макаревич

Раҳбари гуруҳи "Машина времени" Андрей Макаревич гуфт, ба созмондиҳандагони барномаҳои консертии ӯ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҳдид кардаанд.

Ба гуфтаи Макаревич, ин таҳдидҳо ба пуштибонии ӯ аз Исроил дар низои ҷорӣ рабт доранд.

"Баъзе аз одамон ба созмондиҳандагони консертҳои ман таҳдид кардаанд. Зоҳиран ин барои пуштибонии ман аз Исроил дар ҷанг аст. Ман кишвареро ҷонибдорӣ кардам, ки дар он зиндагӣ мекунам", - изҳор доштааст ӯ дар як паёми видеоӣ.

Қарор аст, гуруҳи "Машина времени" дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон чаҳор консерт баргузор кунад.

Пештар баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки баргузории консерти "Машина времени" дар Тошканд манъ шудааст, вале он дар ҷадвали гуруҳ дида мешавад. Худи Макаревич дар ин бора чизе нагуфт.

XS
SM
MD
LG