Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусулмонон ва яҳудиёни Амрико аз афзоиши хушунат ҳарос доранд. ВИДЕО


Эътирози зиддди Исроил дар Ню-Йорки Амрико
Эътирози зиддди Исроил дар Ню-Йорки Амрико

Ҷомеаҳои мусулмон ва яҳудии Иёлоти Муттаҳида аз он дар изтиробанд, ки дар пайи ҷанги Ғазза хусумат ва хушунат нисбаташон афзоиш меёбад.

Аз оғози ҷанг миёни Исроил ва “Ҳамос” мусулмонон ва яҳудиён дар ИМА аз он бим доранд, ки ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла кард ва дар посух Исроил барои маҳви ин гурӯҳ дар навори Ғаза амалиёт роҳандозӣ кардааст.

Шаби 29-уми октябр дар Доғистони Русия садҳо нафар ба фурудгоҳи Махачқалъа ворид шуданд ва талош карданд, ба мусофироне, ки аз Исроил омадаанд, ҳамла кунанд. Онҳо шиор медоданд, ки ҳеч исроилӣ ба Доғистон роҳ дода нашавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Мусулмонон ва яҳудиёни Амрико аз афзоиши хушунат ҳарос доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Дар аёлати Илинойси Амрико рӯзи 14-уми октябр кӯдаки шашсолаи мусалмонро бо зарби корд ба қатл расонданд. Раисиҷумҳур Ҷо Байден куштори кӯдакро шадидан маҳкум кард ва ба ҳукумати худ амр дод, ки ҷилавгирӣ ва рафъи ҳама гуна таҳдидҳои эҳтимолиро дар саргаҳи кори худ қарор диҳад. Ҳодисаи Амрико ва ончӣ дар Русия рух дод, нишон медиҳад, ки мусалмонбадбиниву яҳудибадбинӣ боло гирифтааст.

Фадва Ҳасан дар Иёлоти Муттаҳида таваллуд шудааст ва хешовандони фаластинияш дар Соҳили Ғарбии Фаластин зиндагӣ мекунанд. Ӯро дар баробари тақдири онҳо авҷи хушунатҳо дар зодгоҳаш нигарон кардааст. “Ҳар зане, ки ҳиҷоб дорад ва ё ҳатто барои адои намоз ба муассисаи мо меояд, аллакай нигарон аст. Мо ҳамеша аз хушунат нигарон будем,”—гуфт ӯ.

Линда Шапиро, як тан аз яҳудитаборони амрикоӣ мегӯяд, тарсу изтироб дар миёни аъзои ҷамъияти яҳудиён афзоиш ёфтааст ва ибодатгоҳи онҳо дар Вирҷинияи Шимолӣ тадобири амниятӣ сахттар шудааст. “Мо набояд ба айбдоркунӣ ва барангехтани нафрат машғул бошем. Мо бояд пайваста ба худ ва дигарон хотиррасон кунем, ки ин ҳама гуноҳи “Ҳамос” аст,”—гуфт ӯ.

Омори ахири Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико нишон медиҳад, ки солҳои ахир ҷиноятҳои марбут ба бадбинии яҳудиён дар Амрико афзоиш ёфта, танҳо дар соли гузашта 36 дарсад боло рафтааст. Ҷиноятҳои зидди мусулмонон то андозае дар як сатҳ боқӣ монда, соле камтар аз 200 ҳодиса ба қайд гирифта мешавад.

Бриан Левин, низоъшинос мегӯяд, ин гуна ҳолатҳо одатан ҳангоми сар задани низоъҳои хориҷӣ афзоиш меёбанд. Ӯ гуфт: "Тавре мо аз ҳодисаҳои гузашта мушоҳида кардаем, вақте дар ягон низоъи хориҷӣ шаҳрвандони Амрико талаф меёбад ё мо дар байни исроилиён ва фаластиниҳо муноқиша дошта бошем, шумораи ҷиноятҳо дар заминаи нафрат ба мусулмонон ва ҳамин тавр ба яҳудиён ба таври назаррас боло меравад.”

Дар Шӯрои равобити Амрикову кишварҳои исломӣ (CAIR) ба Садои Амрико гуфтанд, ки аз оғози ҷанг нигарони онҳое ҳастанд, ки ҳадафи ситезаҷӯён қарор мегиранд.

Кори Сэйлор, раҳбари тадқиқот ва тарғиботии CAIR гуфт, ба ҷуз аз маҳкум кардани хушунат бояд тарафҳои дахлдор сабабҳои аслии муноқишаи Ховари Миёнаро ҳал кунанд: “Дар давоми даҳсолаҳо мо дар бораи муколама ҳарф мезадем ва ин ғояро тарғиб мекардем, ки гуфтушунид моро ба ҳалли осоишта мебарад.”

Дар ҳамин ҳол, Лигаи зидди тӯҳмат, як созмони амрикоии зидди яҳудиситезӣ зикр намуд, ки ҷомеаи яҳудӣ дар ИМА яксон нест ва идомаи таъқиби онҳо беасос мебошад.

Ракел Сос, намояндаи Лигаи зиддӣ тӯҳмат гуфт, “ин муноқишаҳое, ки дар хориҷа рух медиҳанд, баъзан барои ҷомеаҳои ин ҷо хеле сахту дарднок мебошанд. Мо бояд дарк кунем, ки амалҳои ҳукумат, ҷанге, ки дар хориҷи кишвар рух медиҳад, набояд ба тамоми ҷомеаи динӣ ё тамоми қавмият нисбат дода шавад.”

Мақомот аз осебдидагон даъват мекунанд, ки дар сурати сар задани ҷиноятҳо дар заминаи бадбинӣ ва ё ҷой доштани ҳолатҳои хушунатомез, фавран ба пулиси маҳаллӣ ё созмонҳои ғайридавлатӣ хабар диҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG