Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Дар Қазоқистон ҷасади 46 ангиштканро пайдо карданд


Rони ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон
Rони ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон

Ҷасади ҳамаи ангиштканоне, ки дар садамаи кони ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ҷон бохтанд, пайдо карда шудааст.

Ҷасади ҳамаи ангиштканоне, ки дар садамаи кони ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ҷон бохтанд, пайдо карда шудааст.

Расонаи "HOLA News" субҳи 30 октябр иттилоъ дода, ки ҷасади охирин қурбонӣ пайдо ва ба наздиконаш дар ин бора хабар дода шудааст.

Ин хабарро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон то ҳол расман тасдиқ накардааст.

Садама дар кон шаби 27 ба 28-уми октябр, замоне рух дод, ки 252 нафар дар онҷо кор мекард. Дар натиҷа 46 ангишткан ҷон бохт.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, 29-уми октябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Вай дар маҳалли ҳодиса ба наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд ва аз намояндагони ҳукумат хост, ки ҳамкориро бо "АрселорМиттал Темиртау" бас кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар понздаҳ соли охир дар иншооти вобаста ба "АрселорМиттал Темиртау" зиёда аз 120 кас ба ҳалокат расидаанд. Ҷонбохтагони ҳодисаи охир ба он шомил нестанд.

XS
SM
MD
LG