Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон хатарноктарин кишвар дар Осиёи Миёна барои занон


Қирғизистон бори дигар хатарноктарин кишвар барои занон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ унвон шуд.

Бино ба рейтинги WPS (Шохиси сулҳ ва амният барои занон ), ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, Қирғизистон дар мақоми 95 қарор гирифтааст. Дар гузориш омадааст, ки теъдоди занон дар ниҳодҳои давлатӣ дар Қирғизистон аз 20 дарсад бештар нест ва 13% занони қирғизистонӣ аз сӯи наздиконашон хушунат мебинанд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотарин мақом - 58-ро Туркманистон соҳиб шудааст. Дар ҷойи дувум миёни кишварҳои минтақа Қазоқистон - дар мақоми 80, Тоҷикистон бо соҳиб шудани мақоми 90 дар ҷойи севум ва Узбекистон бо касби мақоми 94 - як зина болотар аз Қирғизистон - қарор дорад.

Дар ин рейтинги ҷаҳонӣ, ки вазъи занонро аз рӯи 13 категория баҳо медиҳанд, 177 кишвар шомил ҳастанд. Дар садри рейтинги мазкур Норвегия, Дания, Финландия, Исландия, Шветсия, Шветсария, Люксембург, Австрия, Нидерланд ва Зеландияи Нав қарор доранд. Хатарноктарин кишварҳо дар дунё барои занон Судони Ҷанубӣ, Конго, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Афғонистон ва Яман будааст.

Соли гузашта Қирғизистон миёни 170 кишвар мақоми 97-умро соҳиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG