Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи навбатӣ дар Ҳирот хонаҳои осебдидаро комилан вайрон кард.  


Шуморе аз сокинони вилояти Ҳирот мегӯянд, дар заминларзаи шаби шанбе бархе аз хонаҳое, ки бар асари заминларзаҳои қаблӣ қисман тахриб шуда буданд, комилан вайрон шудаанд.

Баъди чанд ҳафтаи заминларзаҳои маргбор дубора замин дар ғарби Афғонистон таккон хурд. Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Амрико, заминларза шаби шанбе бо шиддати 4,5 дараҷа дар умқи 10 километр рух додааст.

Мақомоти Толибон дар Ҳирот ҳанӯз аз хисороти молӣ ва инсонии ин заминларза хабар надодаанд. Аммо осебдидагони дар вилояти Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларзаи ахир сахт буд ва онҳо маҷбур шуданд, дубора хонаҳои худро тарк кунанд.

Хонум Ҳайдарӣ, як сокини осебдидаи зилзилаи навбатӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар заминларзаҳои қаблӣ деворҳои хонааш сурох шуданд, аммо дар зилзилаи шаби гузашта, манзилаш комилан вайрон шуд. “Тамоми шаҳри Ҳироту навоҳӣ зери хатар ҳастем, ҳар шаб бо тарсу ҳарос дар кӯчаҳоем, чизе хӯрдан надорем" -афзуд вай.

Дар се ҳафтаи ахир дар шаҳри Ҳирот се заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст ва пасларзаҳои зиёде низ эҳсос шудааст.

Бар асоси гузориши қаблии Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 21 500 хона, ки бештари онҳо дар навоҳии Инҷил ва Зиндаҷон воқеъ буданд, дар заминларзаи ҳафтаҳои гузашта қисман ё комилан хароб шудаанд. Шумори умумии осебдидаҳои заминларзаи Ҳиротро ин ниҳод 154 ҳазор нафар эълон кард.

Дар ҳоле ки ҳаво дар Ҳирот сард шудааст, шумори зиёде аз сокинони аз зилзила осебдида мегӯянд, шабҳои сардро дар берун мегузаронанд ва аз тарс ба хонаҳояшон намераванд.

Ба иттилои СММ дар пайи заминларзаи рузҳои 7 ва 11 уми октябр дар Афғонистон, 1500 нафар фавтида, тақрибан 2000 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG