Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як комиссари СММ гуфт, Ғазза ба кумакҳои пайваста муҳтоҷ аст


Ғазза, 26-уми октябри 2023
Ғазза, 26-уми октябри 2023

Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, пас аз тақрибан се ҳафта бомбаборони Исроил ба Ғазза, минтақа ба кумакҳои пайваста эҳтиёҷ дорад.

Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, пас аз тақрибан се ҳафта бомбаборони Исроил ба Ғазза, минтақа ба кумакҳои пайваста эҳтиёҷ дорад.

Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба Ғазза пас аз ҳуҷуми густурда ва ғофилгиронаи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри имсол оғоз кард.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғаззаи муҳосирашуда боис ба бӯҳрони башарӣ дар он ҷо шудааст.

Филип Лазарини, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ, гуфт, Ғазза ба кумаки арзишманд ва давомдор ниёз дорад.

Ба гуфтаи ӯ, кумаке, ки то имрӯз анҷом шуд, “бисёр кам аст”.

Ин мақоми Созмони Милал дар идома ба зарурати оташбаси башардӯстона ҳам таъкид кард, то кумакҳо бидуни халал ба ниёзмандон бирасад.

XS
SM
MD
LG