Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се кас дар тирпаронии муҳоҷирон дар Сербистон


Дар тирпаронии муҳоҷирон дар Сербистон се кас кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

Дар тирпаронии муҳоҷирон дар Сербистон се кас кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

Полиси Сербистон ба бахши балкании Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 27-уми октябр дар наздикии сарҳади ин кишвар бо Маҷористон (Венгрия) рӯй дод.

Теъдоди зиёди афсарони пулисро ба ҷойи ҳодиса фиристодаанд, то вазъро таҳқиқ кунанд.

Дар бораи хушунат ва даргирӣ дар наздикии марзи Сербистон ва Маҷористон, кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, гоҳ-гоҳе гузориш мерасад.

XS
SM
MD
LG