Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 миллион доллари дигари Амрико ба Украина


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми октябр бастаи нави ёриҳои низомиро ба Украина эълон кард.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, ин кумак ба 150 миллион доллар баробар аст.

Ба гуфтаи котиби давлатии Амрико, кумакҳо барои Украина пештар қабул шуда буданд.

Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, бастаи нави кумакҳо мушакҳои “Стингер”, системаи мушакии HIMARS ва низоми мушакии зиддитонкии "Жавелин"-ро дар бар мегирад. .

Иёлоти Муттаҳида яке аз бузургтарин ҷонибдорони Киев дар мубориза бо таҷовузи Русия аст.

XS
SM
MD
LG