Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷудо дар Иморот


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2023, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузабӣ - баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон ширкат карданд:

- 60 кг - Меҳрзод Суфиев

- 60 кг - Муҳаммадсолеҳ Қувватов

- 66 кг - Обид Ҷебов

- 73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода

- 81 кг - Сомон Махмадбеков

- 90 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов

- 100 кг - Эмомризо Анварзода.

Коршиносон аз ду паҳлавони маъруф – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода, ки ахиран дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ мутаносибан барандагони медалҳои тилло ва биринҷӣ шуданд, натиҷаҳои баландро чашмдор буданд, аммо ҳарду дар мусобиқоти Абузабӣ ноком гаштанд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувуми рақобатҳо дар вазни то 81 кило муқобили Николас Йонезука аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирӯз шуда, ба даври севум роҳ ёфт. Вале Сомон аз Гиакомо Гамбаи итолиёвӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум гашт.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Карим Абдуллоев (Имороти Муттаҳидаи Араб) шикаст хӯрда, аз мусобиқа берун шуд

Дарвоқеъ, дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузург” дар Абузабӣ Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷиктабор, писарамаки Сомон Маҳмадбеков, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад, дар ҳайати дастаи бетараф (AIN) дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ӯ барои ҷойи севум Дониёр Шамшаеви қазоқро шикаст дод, аммо медали биринҷӣ Маҳмадбекро қаноатманд намекунад, зеро ӯ чаҳор бор медали тиллои “Grand Slam“ ё “Тоскулоҳи бузург”-ро ба даст овардааст.

Ғолибону ҷоизадорони Abu Dhabi Grand Slam 2023:

Мардон

-60 кг

1. Седрик РЕВОЛ (Фаронса)

2. Матеус ТАКАКИ (Бразилия)

3. Франтсико ГАРРИГОС (Испания)

3. Аюб БЛИЕВ (Русия)

-66 кг

1. Важа МАРГЕЛАШВИЛИ (Гурҷистон)

2. Муҳриддин ТУЛОЛОВ (Узбекистон)

3. Нармадах БАЙНМУНХ (Иморот)

3. Ерхембайар БАТТОГТОХ (Муғулистон)

-73 кг

1. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)

2. Акин ГЖАКОВА (Косово)

3. Рашид МАММАДАЛИЕВ (Озарбойҷон)

3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (Русия)

-81 кг

1. Давид КАРАПЕТЯН (Русия)

2. Франк ДЕ ВИТ (Нидерланд)

3. Воҳид БАРЧАШВИЛИ (Австрия)

3. Нургази ТАТАЛАШВИЛИ (Иморот)

-90 кг

1. Неманя МАЙДОВ (Сербиcтон)

2. Тристан МОСАКИШВИЛИ (Испания)

3. Георги ҶАНИАШВИЛИ (Гурҷистон)

3. Кристиан ТОТ (Маҷористон)

-100 кг

1. Арман АДАМЯН (Русия)

2. Александр КУКОЛҶ (Сербистон)

3. Аарон ФАРА (Австрия)

3. Шабӣ ЭЛНАҲАС (Канада)

+100 кг

1. Инал ТАСОЕВ (Русия)

2. Эрик АБРАМОВ (Олмон)

3. Тамерлан БАШАЕВ (Русия)

3. Саба ИНАНЕШВИЛИ (Гурҷистон)

Дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти рақобатҳо миёни мардон ва занон мунтахаби Италия бо касби 3 медали тилло мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Канада бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Фаронса бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми севумро соҳиб шуданд. Мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) мақоми чаҳорумро ишғол кард.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2023 450 варзишгар (277 мард ва 173 зан) аз 77 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат варзиданд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим гардид.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷахонй ва олимпӣ соҳиби имтиёз шуданд: ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷои дувум 700, ҷои севум 500 имтиёз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохил буд. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило мақоми севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG