Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои як тарҳ ба Тоҷикистон беш аз $57 миллион дод


Бонки Ҷаҳонӣ барои тарҳи "Миллати солим" дар Тоҷикистон зиёда аз 57 миллион доллар сармоягузорӣ кард. Тасмим рӯзи 24-уми октябри имсол дар Вашингтон эълон шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ барои тарҳи "Миллати солим" дар Тоҷикистон зиёда аз 57 миллион доллар сармоягузорӣ кард. Тасмим рӯзи 24-уми октябри имсол дар Вашингтон эълон шуд.

Чиҳил миллион доллари он грант ё кумаки бебозгашти Анҷумани байнулмилалии рушд аст.

Беш аз дувоздаҳ миллион доллари дигар ба Бунёди ҷаҳонӣ барои сармоягузории занону кӯдакон ва боқимонда ба Барномаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар бахши тандурустӣ тааллуқ дорад.

"Саломати мардум як омили муҳимтарини некӯаҳволӣ ва рушди ҳар кишвар аст. Ифтихор дорам, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи ин сармоягузории муҳим барои ояндаи Тоҷикистон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар ҳамкорӣ мекунад," -- гуфт Озан Севимли, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе.

Тарҳи "Миллати солим" соли 2022 дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Онро дар доираи татбиқи Стратегияи миллии тандурустии Тоҷикистон то соли 2030 омода кардаанд.

Мақомот ҳадафашро баланд бардоштани сифати хадамоти тиббӣ ва ҳамин тавр беҳтар кардани вазъи саломати сокинон медонанд.

Аммо ончи ҳамеша мояи нигаронии созмону кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон аст, сарфу харҷи ёриҳои башардӯстона ва кумакҳои бебозгаштест, ки дар меҳвари он мардум қарор доранд, вале баъзан вақт то онҳо намерасанд.

XS
SM
MD
LG