Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "маҳдуд"-и заминӣ дар шимоли Ғазза


Дар ҳоле ки Исроил ба ҳамлаи заминӣ зидди гурӯҳи "Ҳамос" омодагӣ мебинад, ҳамчунон ба бомбаборонҳои шабона ба навори Ғазза идома медиҳад.

Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 26-уми октябр ба нақл аз артиши Исроил навишт, шаби гузашта нерӯҳои ин кишвар дар Ғазза амалиёти маҳдудеро анҷом доданд ва пас аз амалиёт ба хоки Исроил бозгаштанд.

Наворҳое, ки артиши Исроил нашр кард, лаҳзаи даромадани мошинҳои низомиро ба Ғазза нишон медиҳад.

Артиши Исроил гуфт, амалиёт бахше аз "омодагӣ барои марҳилаҳои баъдии ҷанг" буда, ба чанд пойгоҳи ниманизомиён, зерсохторҳои "Ҳамос" ва пойгоҳҳои партоби мушакҳои зидди танк, зарба задааст.

Шаби гузашта Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, нерӯҳои артиши ин кишвар дар ҳоли омодабош барои амалиёти заминӣ ҳастанд, аммо боз ҳам ишорае ба замони ин амалиёт накард.

Ҷанг миёни Исроил ва "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр оғоз шуд.

Аз он замон то кунун аз ҷониби фаластинӣ беш аз 6,5 ҳазор ва аз тарафи Исроил 1400 нафар кушта шудаанд. Талошҳо барои оташбас миёни ҷонибҳо то кунун бенатиҷа будааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ аз вуқӯи фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза ҳушдор додаанд. Аксари қурбониёни бомбаборонҳо дар Ғазза занон ва кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG