Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони қазоқ дар Рӯзи ҷумҳурӣ


Дар Рӯзи ҷумҳурии Қазоқистон дар се шаҳри ин кишвар беш аз даҳ кас боздошт карда шудааст.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки 25-уми октябр дар Боғи марказии шаҳри Алмато камаш чаҳор кас дастгир карда шуд. Яке аз рӯзноманигорон хабар дода, ки қаблан шоҳиди боздошти ду нафари дигар шуда буд.

Хабарнигори радио дар шаҳри Остона низ 25-уми октябр аз боздошти чаҳор нафар хабар дод. Саҳифаи "Власть о главном" дар Телеграм иттилоъ дод, ки ду нафари дигар низ дастгир шудааст.

Фаъоли маданӣ Нурбол Онерхан гуфт, ӯро шахсони мулкипӯш дастгир карданд ва бо нашри чанд акс аз дохили мошин навишт, ки вайро ба шуъба мебаранд.

Дар шаҳри Урал, маркази маъмурии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҳам боздоштҳо сурат гирифтааст. Маъмурони пулис фаъоли маданӣ Булат Журмуҳаммадовро, ки мехост парчам дар даст сокинони шаҳрро бо Рӯзи ҷумҳурӣ табрик кунад, дастгир карда, ба шуъба бурдаанд.

Танҳо ду фаъоли Ҳизби сабтиномнашудаи "Алга, Казахстан!" тавонистанд, дар маҳалли баргузории тазоҳуроти эҳтимолӣ суханронӣ кунанд. Онҳо мақомотро ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла раиси ҳизб Марат Жиланбоев даъват карданд.

Мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, қаблан сокинони ин кишварро ба тазоҳуроти осоишта дар Рӯзи ҷумҳурӣ даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG