Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Ҷонсон раиси Маҷлиси намояндагони ИМА шуд


Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико.
Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико.

Намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико Майк Ҷонсон раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар интихоб шуд.

Намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА Майк Ҷонсон раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар интихоб шуд.

Телевизиони CNN иттилоъ дода, ки номзадии Ҷонсонро аз 221 ҷумҳурихоҳ 220 нафар ҷонибдорӣ кардааст. Ба номзади Ҳизби демократии ИМА Ҳаким Ҷефферис 209 вакил раъй додаанд, ки барои пирӯзӣ 217 овоз зарур буд.

Ба иттилои "Садои Амрико", Ҷонсон дар нахустин суханронии худ ба ҳайси раиси маҷлис ба зарурати пуштибонии Исроил, муҳофизати марзи ҷанубии ИМА ва коҳиши қарзи миллии кишвараш таъкид кардааст.

Майк Ҷонсон ҳамчун ҷонибдори президенти пешини Амрико Доналд Трамп маъруф аст. Ӯ шомили тими ҳуқуқшиносони Трамп буд ва дар ду давраи кушиши изҳори нобоварӣ аз вай ҳимоят кардааст.

Раиси нави Маҷлиси намояндагони ИМА зидди кумак ба Украина баромад кардааст. Аз ҷумла, ӯ алайҳи ҷудо шудани бастаи кумакҳо ба Киев ба маблағи 40 миллиард доллар раъй додааст.

XS
SM
MD
LG