Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва шонздаҳ захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Украина


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Мақомоти Украина гуфтанд, ҳамлаҳои Русия ба ин кишвар рӯзи 25-уми октябр як кушта ва чандин захмӣ барҷой гузошт.

Александр Прокудин, волии Херсон, дар Телеграм навишт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин минтақаи ҷанубӣ субҳи зуд иттифоқ уфтод. Дар онҷо як ғайринизомӣ кушта шудааст.

Нерӯҳои украинӣ низомиёни Русияро моҳи ноябри соли гузашта аз Херсон берун ронданд, аммо Русия мушакборони ин минтақаро аз он сӯи дарёи Днепр идома медиҳад.

Мақоми дигари украинӣ гуфтааст, дар натиҷаи суқути ҳавопаймои бесарнишини Русия дар ғарби ин кишвар камаш 16 нафар захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG