Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Армита Гарованд "марги мағзӣ"-и ӯро рад карданд


Армита Гарованд
Армита Гарованд

Ду манбаи наздик ба хонаводаи Армита Гарованд, сокини Теҳрон, ки ба гумони бадҳиҷобӣ дастгир шуда буд, хабари “марги мағзӣ”-и ӯро рад карданд.

Онҳо гуфтанд, ӯ дар ҳолати беҳушист ва ба бозгашташ умед доранд.

Чанд рӯз пеш расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки Армита Гарованд “марги мағзӣ” шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин сокини Теҳрон дар ибтидои моҳи октябри имсол дар метро боздошт шудд.

Дар натиҷаи рафтори пулиси ахлоқ Гарованд ҷароҳати ҷиддӣ бардошт ва дар бемористон бистарӣ гашт.

Моҳи сентябри соли гузашта Маҳсо Аминӣ ба гумони бадҳиҷобӣ аз сӯи пулиси ахлоқ боздошт шуд ва дар бемористон фавтид. Хешовандони Маҳсо мегӯянд, пулис ӯро то дами марг задааст.

Марги Аминӣ боис ба эътирозҳои густарда дар Эрон гардид. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷараёни ин эътирозҳо ва бархӯрд бо пулис бештар аз 500 кас кушта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG