Эммануэл Макрон қавл дод, ки Исроилро дар ҷанг дар муқобили гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" танҳо нахоҳанд гузошт.
Вай ҳангоми суҳбат бо раиси ҷумҳури Исроил гуфт, Фаронса дар канори Исроил истодааст.
"Дар қадами аввал барои раҳоии гаравгонҳо аз дасти "Ҳамос" талош шавад," -- гуфт Макрон.
Пеш аз ӯ раҳбарони дигари ғарбӣ ҳангоми боздид аз Исроил пуштибонии худро аз ин кишвар баён доштанд.
Ҷанги байни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" тақрибан се ду ҳафта боз идома дорад.
То кунун беш аз 5000 фаластинӣ ва зиёда аз 1400 исроилӣ кушта шудаанд.