Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як занро ба таҳқири забони қазоқӣ муттаҳам карданд


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон нисбат ба зане парвандаи ҷиноӣ кушодааст, ки забони қазоқиро таҳқир ва онро "мамбет" номид.

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон нисбат ба зане парвандаи ҷиноӣ кушодааст, ки забони қазоқиро таҳқир ва онро "мамбет" номид.

Ин зан дар пахши мустақиме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, забони қазоқӣ ба вай писанд нест. Вай ҳамчунин онҳоеро таҳқир кард, ки аз деҳаҳо ба шаҳр меоянд.

"Ба ман забони қазоқӣ комилан писанд нест, росташро бихоҳед, забони "мамбет" аст. Мамбетҳои деҳотӣ нороҳат мекунанд, бо айби ҳамонҳо дар шаҳр тамбашавии мошинҳо ба амал меояд. Ба ман забони мамбет, ҳам қазоқӣ ва ҳам қирғизӣ писанд нест", - гуфт вай.

Ин зан ба барангехтани адовати миллӣ муттаҳам шудааст. Ҳадди ниҳоии ҷазо бар асоси моддаи мазкур 7 соли маҳрумӣ аз озодӣ аст.

Бори аввал нест, ки мақомоти Қазоқистон бар пояи барангехтани адоват ва таҳқири сокинони кишвар парванда мекушоянд.

XS
SM
MD
LG