Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиб Аскариро дар Эрон ба эъдом маҳкум карданд


Ноиб Аскарӣ
Ноиб Аскарӣ

Додгоҳи инқилоби исломӣ дар Орумияи Эрон боздоштшудаи сиёсии курд Ноиб Аскариро ба гуноҳи "шӯриши мусаллаҳона" ба эъдом (қатл) маҳкум кард.

Додгоҳи инқилоби исломӣ дар Орумияи Эрон боздоштшудаи сиёсии курд Ноиб Аскариро ба гуноҳи "шӯриши мусаллаҳона" ба эъдом (қатл) маҳкум кард.

Пештар ба зидди ӯ ба иттиҳоми "душманӣ бо Худо" парванда кушоданд, аммо Аскарӣ эътироз карда буд.

Созмони нозири ҳуқуқи башар, HRANA, рӯзи 23-юми октябр гуфт, ҳукми додгоҳ бар пояи узвияти Ноиб Аскарӣ дар як ҳизби сиёсии курд гирифта шудааст.

Шабакаи Ҳуқуқи Башари Курдистон бо такя ба манобеаш гуфт, қазияи Аскарӣ ба захмӣ шудани фармондеҳи Сипоҳи посдорон Мустафо Султонӣ дар соли 2014 пайванд дорад.

Хонаводаи Султонӣ бо пуштибонии Сипоҳи посдорон алайҳи Аскарӣ шикоят карда, гуфтаанд, ӯ дар задухӯрд нақши ҳалкунанда дошт.

Султонӣ ҳангоми ҷанҷол бо аъзои Ҳизби Ҳаёти Озоди Курдистон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар аввали соли 2021 бар асари коронавирус даргузашт. Хонаводааш мегӯянд, марги Мустафо Султонӣ натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш буд, чун ӯро заиф карда буд.

XS
SM
MD
LG