Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони артиши Исроил ва ҳушдори Барак Обама


Артиши Исроил гуфт, барои аз байн бурдани гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ба "ҳамлаҳои беамон" омода мешавад.

Барак Обама, президенти собиқи Амрико, ҳушдор додааст, ки "ҳар стратегияи низомии Исроил, ки талафоти одамонро ба назар намегирад, дар ниҳоят, пайомади баръакс хоҳад дод."

Ҷанги байни Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" аз 7-уми октябр ба ин тараф идома дорад.

Вазорати тандурустии Фаластин рӯзи 23-юми октябр гуфт, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил зиёда аз 5 ҳазор сокини Ғазза кушта шуданд.

Мақомоти Исроил мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои "Ҳамос" ба ҷануби ин кишвар беш аз 1400 кас кушта шуда, зиёда аз 200 нафар асир афтодаанд.

XS
SM
MD
LG