Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафоат Абдусаломова, гӯяндаи аввалини ТВ Тоҷикистон даргузашт


Рафоат Абдусаломова
Рафоат Абдусаломова

Рафоат Абдусаломова, гӯяндаи аввалини Телевизиони Тоҷикистон ва Корманди хидматнишондодаи фарҳанг, даргузашт.

Ба иттилои дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ субҳи 24-уми октябр дар хонааш дар Душанбе ҷон дод. 84 сол дошт.

Рафоат Абдусаломова соли 1959 барномаи нахустин ва санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ гардонандагӣ кард.

Беш аз чиҳил сол дар онҷо дар симатҳои гуногун фаъолият дошт. "Дугонаҳо" яке аз тарҳҳои эҷодии ӯ буд.

XS
SM
MD
LG