Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамос" гуфт, теъдоди кушташудаҳо дар Ғазза ба беш аз 5000 расид


Вазорати тандурустии Ғазза рӯзи 23-юми октябр гуфт, аз оғози ҷанги байни "Ҳамос" ва Исроил дар бештар аз ду ҳафтаи охир 5087 фаластинӣ кушта шуданд.

Бар асоси ин гузориш, зиёда аз ду ҳазори онҳо кӯдак буда, наздик ба 15300 нафари дигар ҳам захмӣ ҳастанд.

Ҷанг рӯзи 7-уми октябри имсол, баъд аз ҳамлаи "Ҳамос" ба ҷануби Исроил, ки зиёда аз 1400 кушта барҷой гузошт, оғоз шуд. Гуруҳи фаластинии "Ҳамос" беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтааст.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил субҳи 23-юми октябр бори дигар Ғаззаро бомбаборон карданд. Ҳамзамон сарбозони исроилӣ дар минтақаҳои зери муҳосираашон дар қаламрави Фаластин бо ҷангҷӯёни "Ҳамос" даргир шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ғайринизомиён дар Ғазза бо камбуди хӯрок ва об дучор ҳастанд ва аз бомбаборони идомадори нерӯҳои исроилӣ ҷойи муносибе барои пинҳон шудан надоранд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 23-юми октябр ба интиқоли бастаҳои дигаре аз ёриҳои башардӯстона ба Ғазза, ки зери назорати гуруҳи “Ҳамос” аст, иҷоза дода шуд.

Ба назар мерасад, Исроил дар ҳоли оғози амалиёти заминии густарда дар Ғазза аст ва нишонаҳои омодагӣ барои ин амалиёт мушоҳида мешавад.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” мегӯяд, Исроил тонкҳову сарбозони зиёдеро дар минтақаҳои наздик ба сарҳади Ғазза ҷойгир ва минтақаҳои наздимарзии худро холӣ кардааст.

“Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз мансабдорони Исроил гуфт, ҳамлаҳои ҳавоиро афзоиш додаанд, то сатҳи таҳдидро ба сарбозони худ дар марҳилаҳои баъдии амалиёти заминӣ камтар кунанд.

Бо ин иқдом нигаронӣ дар мавриди густариши ҷанг байни Исроилу “Ҳамос” афзоиш ёфтааст. Нигарониҳо пас аз ҳамлаи Исроил ба Каронаи Ғарбӣ, Сурия, Лубнон ва табодули оташ бо “Ҳизбуллоҳ” ба вуҷуд омад.

XS
SM
MD
LG