Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 9 варзишгари тоҷик дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ дар Чин


Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин оғоз ёфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат дорад.

Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин оғоз ёфт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат дорад.

Дар бозиҳо беш аз 3000 варзишгари имконияташон маҳдуд аз 44 кишвари қора то рӯзи 28-уми октябр рақобат хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш ворид шудааст. Варзишгарони маълул барои 566 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон президенти Кумитаи миллии паралимпии кишвар Парвиз Бобошарипов раҳбарӣ менамояд.

Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 9 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш намояндагӣ мекунад: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (ҳар ду дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (пара бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (ҳар ду - шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велосипедронӣ).

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоу Чин баргузор шуд, варзишгарони 45 кишвар ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 18 ришта ҳунарнамоӣ кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (22-18-31), Қазоқистон (10-22-48), Қирғизистон (4-2-9) ва пеш аз Туркманистон (1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойгир шуд.

XS
SM
MD
LG