Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои ҳавоии Исроил ба саросари Ғазза


Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил рӯзи 23-юми октябр ба саросари Ғазза, аз ҷумла паноҳгоҳи фаластиниёни осоишта, зарба задаанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил рӯзи 23-юми октябр ба саросари Ғазза, аз ҷумла паноҳгоҳи фаластиниёни осоишта, зарба задаанд.

Ин кор пас аз иҷозаи интиқоли бахше аз ёриҳои башардӯстона ба қаламрави муҳосирашудаи зери раҳбарии “Ҳамос” сурат гирифт.

Интизор меравад, Исроил дар посух ба ҳамлаи ғофилгиронаи гуруҳи фаластинии “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябр ба Ғазза ҳамлаи заминӣ кунад. Тонкҳо ва сарбозони Исроил дар сарҳад бо Ғазза ҷамъ шудаанд.

Телавив мегӯяд, барои кам кардани хатар ба сарбозон дар марҳилаҳои оянда ҳамлаҳои ҳавоиро афзоиш додааст.

Даниел Ҳагарӣ, низомии баландпояи Исроил, гуфт, дар шабонарӯзи гузашта ҳашт ҳалқаи ҷангҷӯёнро дар Лубнон нобуд карданд.

Дар ҷанг байни Исроилу “Ҳамос” дар беш аз ду ҳафтаи охир зиёда аз 1400 исроилӣ ва 4600 фаластинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG