Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозима Ҳусайноваро барои навиштааш дар бораи яҳудиён аз "Citibank" рондаанд


Нозима Ҳусайнова ду сол боз дар "Citibank" кор мекард
Нозима Ҳусайнова ду сол боз дар "Citibank" кор мекард

Рӯзномаи бритониёии "Daily Mail" навиштааст, "Citibank" корманди узбеки худ Нозима Ҳусайноваро ба далели як навиштааш дар бораи яҳудиён пас аз ҳамлаи гуруҳи фаластинии «Ҳамос» аз кор рондааст.

Ҳусайнова навиштааст, "ҷойи тааҷҷуб нест, ки чаро Ҳитлер мехост аз ҳамаашон халос шавад".

Нозима Ҳусайноваи 25-сола баъд аз он барканор шуд, ки навиштааш вокунишҳои густардаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Вай навиштаи худро баъд аз таркиш дар бемористони Навори Ғазза, ки садҳо кушта бар ҷой гузошт, нашр кард.

Намояндаи "Citibank" навиштаи ӯро "нафратовар" номид ва гуфт, барангехтани кина дар бонки онҳо қобили қабул нест.

“Мо шахсеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳи нафратангези зиддияҳудӣ нашр карда буд, аз кор озод кардем. Мо яҳудиситезӣ ва ҳама гуна суханҳои нафратоварро маҳкум карда, онро дар бонки худ таҳаммул нахоҳем кард", - изҳор доштааст сухангӯи бонк.

Нозима Ҳусайнова Коллеҷи Бруклини Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрикоро хатм карда, ду соли охир дар бонки мазкур кор мекард.

Бояд гуфт, дар "Citigroup" 250 ҳазор одам аз кишварҳои гуногун кор мекунанд. Худи Ҳусайнова то ҳол ба қарори барканорияш вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG