Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” барои бозӣ бо "Персеполис" ба Эрон сафар кард


"Истиқлол" пеш аз сафар ба Эрон
"Истиқлол" пеш аз сафар ба Эрон

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои иштирок дар бозии даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо бошгоҳи «Персеполис»-и Теҳрон имрӯз, 22-юми октябр, ба Эрон сафар кард.

Бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Персеполис» шаби сешанбеи 24-уми октябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон соати 21:00 оғоз меёбад.

Сардовари ин бозӣ довари FIFA Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ мебошад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо се имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. “Ал-Дуҳайл” ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Дар бозии дигари даври севуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” рӯзи 24-уми октябр «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар сафар бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ. Бе тамошогар.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себаи, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Седрик Гогуа (Содиқҷон Курбонов,15), Иван Новоселетс, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов (Алиҷон Кароматуллозода, 71), Табрез Исломов, Денис Беганович (Шаҳром Сулаймонов, 71), Эхсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 58), Сенин Себаи.

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк». 20 770 тамошогар.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

2

2

0

0

5-1

6

2

«Персеполис» (Эрон)

2

1

0

1

1-2

3

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

2

0

1

1

0-1

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

0

1

1

1-3

1

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

XS
SM
MD
LG