Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Боз шудани долон ба Ғазза ба таъхир афтод


Боз шудани долон барои интиқоли ёриҳои башардӯстона аз Миср ба Навори Ғазза ба таъхир афтодааст. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба чанд манбаъ хабар додааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони телевизион, гузаргоҳи Рафаҳи Миср баста мемонад, зеро барои гузаштани ҳамаи кумакҳо анҷоми баъзе аз корҳои сохтмонӣ зарур аст. Аз ҷумла, гуё қисмати роҳи он аз тарафи Миср таъмирталаб мебошад.

Қаблан хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ дода буд, ки Миср розӣ шудааст, барои фиристодани кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони Навори Ғазза аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ иҷозат диҳад.

Навори Ғазза зери назари гуруҳи “Ҳамос” ва дар муҳосира аст.

XS
SM
MD
LG