Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Узбекистон хост, шиканҷаи Муъминовро таҳқиқ кунад


Абдуқодир Муъминов
Абдуқодир Муъминов

Созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз ҳукумати Узбекистон хостааст, ки шикоятҳоро дар бораи шиканҷа шудани блогерҳои зиндонӣ, аз ҷумла Абдуқодир Муъминов таҳқиқ кунад.

Пештар Муъминов дар додгоҳ гуфта буд, ки дар ҷараёни тафтишот маъмурони интизомӣ бо ӯ бераҳмона рафтор кардаанд, аз ҷумла бо туфангча ва калтакҳои резинӣ зада, қабурғаашро шикастанд.

Сабоҳат Абдуллоева, модари Муъминов ҳам ба расонаҳо хабар дода буд, ки писараш дар рӯзи аввали боздошт дар моҳи феврали имсол аз тарафи гуруҳи зудамали пулис дар шаҳри Тошканд шиканҷа шудааст.

Додгоҳ 4-уми август Абдуқодир Муъминов, муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва роҳбари ширкати "Oynaga qarang"-ро ба гуноҳи "вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "қаллобӣ", "тамаъҷӯӣ" ва "иштирок дар додани пора" ба 7 солу 3 моҳ зиндон маҳкум кард.

Ӯ ҳамчунин аз ҳаққи машғул шудан ба рӯзноманигорӣ ба муҳлати 3 сол маҳрум ва ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи 14 ҷабрдида 903,4 миллион суми узбекӣ вазифадор гашт.

Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, Муъминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта, ки аз даъвогар танҳо 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG