Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояи Тоҷикистон тартиби будубоши хориҷиҳоро сахттар кард


Гузаргоҳи "Достук", сарҳади Қирғизистон ва Узбекистон
Гузаргоҳи "Достук", сарҳади Қирғизистон ва Узбекистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 19-уми октябр гуфт, тартиби будубоши бидуни виза барои хориҷиён дар ин кишвар сахттар шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 19-уми октябр гуфт, тартиби будубоши бидуни виза барои хориҷиён дар ин кишвар сахттар шудааст.

“Ин тартиб ба шаҳрвандони Русия низ дахл мекунад,” -- гуфтанд дар вазорат.

Бино ба тағйироти нав, акнун шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд, 90 рӯзи бидуни визаро дар Қирғизистон сипарӣ карда, марзро гузаранд ва дубора ба Қирғизистон баргарданд ва 90 рӯзи дигар дар он кишвар бимонанд.

Тағйироти нав пешбинӣ мекунад, ки дар ним сол ҳар шаҳрванди хориҷӣ ҳақ дорад танҳо 90 рӯз дар Қирғизистон бидуни виза будубош кунад.

“Агар шаҳрванди хориҷӣ хоҳиши муҳлати бештар монданро дар Қирғизистон дошта бошад, бояд барои дарёфти ҳаққи иқомат дархост супорад,” -- омадааст дар тартиботи нав.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, "тағйироти нав баёнгари кӯшишҳои Девони вазирон барои таъмини мудирияти муассири мавҷи муҳоҷирон ва беҳсозии амнияти кишвар аст".

XS
SM
MD
LG