Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи видеои танқидиро дар Ваҳдат боздошт кардаанд. ВИДЕО


Шодигул Ғафурова, модари Шаҳбози Шарифбек
Шодигул Ғафурова, модари Шаҳбози Шарифбек

Як ҷавонро, ки бо нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори мақомот, тарзи ба артиш бурдани бародараш ва латукӯби бибиву модараш шикоят дошт, дастгир кардаанд.

Шаҳбози Шарифбек аз ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат аст. Мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ надоданд, аммо ба иттилои наздиконаш "феълан даҳ рӯз дар ҳабс хоҳад монд".

"Маро, ки заданд, асабӣ шуд ва ба навор гирифт. Бачаам ҳеч гуноҳ надорад," – гуфт Шодигул Ғафурова, модари Шаҳбози Шарифбек рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Видеои Шаҳбози Шарифбек дар як он дар Интернет васеъ паҳн шуд ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт. Вай дар баробари танқиди мақомоти шаҳри Ваҳдат аз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳам гила кард, ки қонуншиканиҳоро дар кишвар намебинад.

Модараш аз сарнавишти ояндаи ӯ бисёр нигарон аст. "Сирро баровардӣ гуфта, бачаамро ҳабс мекунанд," -- бим дорад Шодигул Ғафурова.

Ба нақли пайвандонаш, мушкил рӯзи 14-уми октябр ва баъди маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдани писари дигари хонадон, Содиқҷони Шарифбек, сар шуд. Дар ҳоле ки, ба нақли онҳо, ҳеч даъватномае нарасида буд.

Шаҳбози Шарифбек дар видео аз он эътироз дошт, ки мақомот натанҳо бародарашро зӯран ба хидмат бурданд, балки бибиву модарашро ҳам заданд.

Сафаргул Ғафурова
Сафаргул Ғафурова

Бибияш, Сафаргул Ғафурова, ҳодисаро чунин нақл кард: “Худам омадам ва гуфтам, ки кӯдакамро набаред. Гуфтам, бачаамро кашола накунед, назанед...”

“Кашола карда бурданд моро. Нозири минтақа маро сахт дошта буд. Ба дастам зад. Ҳоло варамаш гаштааст. Ба гуфтааш гуё дасти ман ба мошин зада бошад," – ба ёд овард модараш, Шодигул Ғафурова.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муаллифи видеои Симиганҷро боздошт кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат ҳанӯз ба ин иддао вокунише нишон надодаанд, вале ба наздиконаш гуфтаанд, ки Шаҳбоз бо амри додгоҳ барои 10 рӯз боздошт шуд.

Коршиносон мегӯянд, бояд ҳодиса дуруст таҳқиқ шавад. "Ба эҳтимоли зиёд навор зери таъсири ҳолати равонии ҷавон аз латукӯби модару бибияш сабт шудааст. Ба таври оҷил бо дахолати раҳбарияти сиёсии кишвар нисбат ба корманди масъули ҷамоат ва намояндагони дигари корҳои дохилӣ ва ғайра тадбирҳо андешида шавад," – гуфт доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов.

Шеваҳои ба артиши Тоҷикистон бурдани ҷавонон пайваста танқид мешавад, аммо зоҳиран ин дафъа интиқоди ошкори президент дар видео сабаби боздошти Шаҳбози Шарифбек шудааст. Ва сабаби бад шудани аҳволи модараш, ки акнун нигарони сарнавишти писар аст.

Солҳои охир афроди зиёде барои танқид кардани ҳукумат ё раисиҷумҳур дар Тоҷикистон ба истилоҳ “хоин” унвон мегиранд ва боздошту зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол танқидпазирии мақомот камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG