Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 60 узбекистониро аз ғуломӣ наҷот доданд


Кормандони Вазорати умури дохилии Қазоқистон беш аз 60 шаҳрванди Узбекистонро, ки дар корхонаҳои хиштбарорие дар шаҳри Чимкент ҳамчун ғулом истифода мешуданд, озод кардаанд.

Расонаи "Polisia.kz" иттилоъ дода, ки маъмурони пулис дар пайи шикояти як сокини шаҳри Оқтеппа ба тафтиши қазия пардохтаанд.

Сокини Оқтеппа гуфтааст, бародари ӯ шаҳрванди Узбекистон тавонистааст, аз корхонаи хиштбарории Чимкент ба Алмаато фирор кунад, вале афроди ношинос дар онҷо ӯро рабудаанд.

Дар натиҷа пулиси Алмаато таҳқиқи қазияро оғоз ва дар Чимкент "се корфар"-ро дастгир кардааст. Дар ду корхонаи хиштбарории Чимкент беш аз 60 узбекистонӣ пайдо шудааст, ки ҳамчун ғулом истифода мешуданд.

Корфармоён хориҷиҳоро ба кор даъват карда, шиносномаҳои онҳоро мусодира ва аз додани маош сарпечӣ мекардаанд.

XS
SM
MD
LG