Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ба сокинони Ғазза $100 миллион ёрӣ мекунанд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, барои кумаки башардӯстона ба сокинони Ғазза ва фаластиниҳо дар соҳили ғарбии руди Урдун 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.

"Ин пулҳо ба дастгирии беш аз як миллион фаластинӣ, ки дар натиҷаи низоъ хонаҳои худро тарк кардаанд ва ниёзҳои изтирорӣ дар навори Ғазза равона мешаванд", - шарҳ додааст президенти Амрико.

Қаблан хабар дода шуд, ки Байден барои кумак ба Украина, Исроил ва Тайван аз Конгресс ҳудуди 100 миллиард доллар дархост хоҳад кард. Исроил низ ахиран аз ИМА дархост кард, ки ба ин кишвар дар ҳаҷми 10 миллиард доллар кумаки изтирорӣ кунад.

Байден рӯзи чоршанбе дар доираи як сафар вориди Исроил шуд ва бо сарвазири он кишвар Бенёмин Натаняҳу дидору гуфтугӯ кард. Ӯ баъди суҳбат бо Натаняҳу гуфт, Исроил масъули таркиш дар беморхонаи Ғазза, ки садҳо кушта бар ҷо гузошт, нест.

Байден бори дигар ҷонибдории кишварашро аз Исроил ва мардуми он баён карда, ҳамлаи гуруҳи фаластинии "Ҳамос"-ро маҳкум кард ва онро шабеҳи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" номид.

XS
SM
MD
LG