Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли русиягиро дар Қирғизистон рабудаанд


Лев Скорякин.
Лев Скорякин.

Афроди номаълум дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли созмони русиягии "Қаноти чап" Лев Скорякинро рабудаанд. Дар ин бора нашрияи "Новая газета Европа" бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Ба иттилои нашрия, шаби 16 ба 17 октябр ба назди манзили муваққати Скорякин дар ду мошин даҳ одам омадааст. Онҳо худро кормандони пулиси Қирғизистон муаррифӣ карда, фаъоли русиягиро ба самти номаълум бурдаанд.

Скорякин ва фаъоли дигари русиягӣ Руслан Абосовро мақомоти Русия барои барпо кардани иқдоми "Рӯзи Чкист", ки моҳи декабри соли 2021 доир шуда буд, дар ҷустуҷӯ қарор дода буданд. Ҳар ду фаъолро бо моддаи майдаавбошӣ ва тахрибкорӣ дар пайгард қарор додаанд.

Скорякин ва Абосов Русияро моҳи июли соли 2022 тарк карданд. Скорякинро моҳи июни соли ҷорӣ дар Бишкек боздошт ва моҳи сентябр раҳо карданд. Додситонии кулли Қирғизистон Скорякинро ба Русия истирдод накард, зеро вай аз Қирғизистон паноҳандагӣ дархост карда буд.

Абосов тавонист, ки ба Хорватия фирор ва онҷо дархости паноҳандагӣ кунад. Дар Хорватия ба вай паноҳандагӣ надоданд ва ба Боснияву Ҳерсеговиня ихроҷ карданд.

XS
SM
MD
LG