Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбати рӯҳонии тоҷик дар ҷаноза баҳсбарангез шуд


Абдуқаҳҳор Мирзоев
Абдуқаҳҳор Мирзоев

Мақомоти Тоҷикистон як домуллоро ба гуфтугӯ хостаанд, ки ба қавли шоҳидони айнӣ хешовандони як духтари фавтидаро дар маросими дафн "бенамоз" хонда, таҳқир кардааст.

Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, Абдуқаҳҳор Мирзоев, сокини деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор, маъруф бо номи Қорӣ Қаҳҳор айни ҳол "ба суолҳои намояндагони мақоми ваколатдор посух мегӯяд."

Пеш аз ин Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва китобдор, навиштаи нафареро нашр кард, ки гуё рӯзи 17-уми октябр дар маросими дафни як духтари 25-сола аз деҳаи Турдибобои Ҳисор ширкат доштааст. Ӯ гуфтааст, "Домулло Абдуқаҳҳор падари духтарро сарзаниш кард ва ин оиларо бенамоз хонд". Яке аз сокинони деҳаи Турдибобо баргузории маросими дафнро тасдиқ кард.

Вокуниши Абдуқаҳҳор Мирзоев то кунун ба ин гуфтаҳо маълум нест. Духтари ҷавон бар асари бемории қанд ҷон додааст.

Кумитаи дин дар изҳороте гуфт, бо вуҷуди онки Абдуқаҳҳор Мирзоев дар ягон масҷид имом нест ва салоҳияти хондани намози ҷанозаро надорад, 17-уми октябр маросими ҷанозаи як сокини Ҳисорро имоматӣ кардааст. Ба таъкиди масъулини Кумитаи дин, "эҳтимолияти паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Абдуқаҳҳор Мирзоев" санҷида мешавад.

XS
SM
MD
LG