Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wildberries аз Русия вориди бозори Тоҷикистон шудааст


Wildberries, фурӯшгоҳи азими онлайнии Русия, вориди бозори Тоҷикистон шудааст.

Wildberries, фурӯшгоҳи азими онлайнии Русия, вориди бозори Тоҷикистон шудааст.

Молҳои фурӯшгоҳро коршарикаш, familymarket, ба муштариён мерасонад. Хадамоти ширкат ҳоло танҳо дар Хуҷанд ва атрофи он дастрас аст.

Масъулони ширкат дар мукотиба бо Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, молҳоро аз фурӯшгоҳи Wildberries аз Русия дастрас хоҳанд кард. Арзиши овардани як кило бор феълан 18 сомонӣ таъйин шудааст.

Коршарики Wildberries дар торанмои худ навишта, ки бо ворид шудани фурӯшгоҳи онлайнии азим дар Тоҷикистон рақобат бештар шуда, “аз ин мардум бурд хоҳанд кард”.

Ворид шудани ин ширкати русӣ ба Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд дӯконҳои навтаъсиси онлайниро дар ҳолати душворе хоҳад гузошт.

Дар гузашта чанде аз соҳибкорон дӯкону фурӯшгоҳҳои онлайниро дар Тоҷикистон фаъол карда буданд. Бинобар гарон будани нарху суръати ниҳоят поини Интернет ва душвор будани боркашонӣ кори фурӯшгоҳҳои тозатаъсис ривоҷи чандоне пайдо накард.

Ҳоло тоҷирони хурду миёна тавассути паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм, Вотсап ва Фейсбук молҳои худро ба фурӯш мегузоранд.

Фурӯшгоҳҳои азими онлайнии ғарбӣ, аз ҷумла “Амазон” дар бозори Тоҷикистон ҳузур надоранд. Фазои нобоби сармоягузорӣ ва мушкил будани боркашонӣ боис шудааст, ки чунин ширкатҳо ба кишвар таваҷҷуҳ накунанд.

Дар гузашта фурӯшгоҳи онлайнии "Ali Express"-и Чин гуфта буд, ки ният дорад вориди бозори Тоҷикистон шавад.

Wildberries фурӯшгоҳи бузургтарин онлайни Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дониста мешавад. Моликону муассисони ин фурӯшгоҳ Татяна Бакалчук ва Владислав Бакалчук ҳастанд.

Пас аз ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина мақомоти ин кишвар кори Wildberries-ро қатъ карданд, чун ширкат ба фурӯши болопӯшҳо бо акси Владимир Путин ва молҳо бо таблиғоти русӣ идома дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG