Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аспҳои зотии Колбоевро тасарруф кардаанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) аспҳои зотии Қамчӣ Колбоевро ба фоидаи давлат тасарруф кардааст. Ин аспҳо дар маҷмуъ 500 ҳазор доллар арзиш доранд. Дар ин бора маркази матбуотии КДАМ хабар медиҳад.

Аспҳои зотие, ки мусодира шудаанд, инҳо ҳастанд: "Баш Қашқа" - зоти англисӣ, арзишаш 150 ҳазор доллар; "Командор" - арзишаш 100 ҳазор доллар; "Равшан" - 100 000 доллар; "Дончак" - зоти англисӣ, арзишаш 100 000 доллар; "Кундуз" - 50 ҳазор доллар; "Байтал" - зоти англисӣ, 50 ҳазор доллар ва "Острий" - 15 000 доллар.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. Кумитаи давлатии амнияи миллии Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст. Аммо вакили Колбоев ҳарфҳои мақомотро зери шубҳа бурд.

Мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2020 хабар дода буданд, ки Колбоев дар доираи парвандаи "Ташкили созмони ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" боздошт шудааст. Ӯро 2 марти соли 2021 ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карда буданд.

ИМА соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG