Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон барои қурбониёни зӯроварӣ телефони боварӣ ташкил шуд


Ҳукумати Қазоқистон барои расонидани кумаки фаврии ҳуқуқӣ, равонӣ ва машваратӣ ба қурбониёни зӯроварию хушунати хонаводагӣ маркази ягонаи давлатии тамос ташкил кардааст.

"Президент Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми худ ба мардуми Қазоқистон дастур дода буд, ки барои кумак ба қурбониёни хушунат телефони боварӣ таъсис дода шавад. Тибқи ин дастур, шаҳрвандони Қазоқистон, ки қурбони зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ шудаанд, аз 16-уми октябр метавонанд ба Маркази ягонаи давлатии “111 - Амонат” шабонарӯзӣ тамос гиранд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Зангҳо бо маркази мазкур тавассути рақамҳои ҳам давлатӣ ва ҳам дастгоҳҳои мобилӣ ройгон хоҳад буд.

Тариқи паёмакрасонҳо низ ба шаҳрвандон кумак расонида хоҳад шуд.

"Чораҳои мазкур имкон медиҳанд, ки барои шаҳрвандон, бахусус занон ва кудакон шароити мусоид фароҳам карда шавад", - изҳор дошт муовини сарвазири Қазоқистон Тамара Дуйсенова дар ҷаласаи ҳукумат.

XS
SM
MD
LG