Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 тан дар Бишкек, ки мехостанд қасоси Қамчӣ Колбоевро бигиранд


Қамчи Колбоев.
Қамчи Колбоев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар шаҳри Бишкек се шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардааст. Ба иттилои КДАМ, онҳо бо ҳадафи қасосгирӣ аз марги соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев ба Қирғизистон рафтаанд.

КДАМ мегӯяд, "се қотили зархарид марзи Қирғизистонро бо Узбекистон ғайриқонунӣ убур кардаанд". "Ҳангоми боздошт маълум гардид, ки онҳо дар куштори чанд шаҳрванд гумонбар ҳастанд ва дар ҷустуҷӯ қарор доранд" - омадааст дар хабари КДАМ.

Инҳо:

Каримбердиев Ойбек Аббас уулу, соли таваллудаш 1997;
Рустамов Азамат Шуҳратович, соли таваллудаш 1996;
Абдулғаффор Исломхон Абдусамад уулу, соли таваллудаш 1994 ҳастанд.

Боздоштшудаҳо гуфтаанд, ҳамчун намояндагони олами ҷиноӣ "фармоиш" гирифтаанд. Рӯзи 13 октябр ҳар се боздоштшуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон супорида шудаанд.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд.

КДАМ гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст.

Мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2020 хабар дода буданд, ки Колбоев дар доираи парвандаи "Ташкили созмони ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" боздошт шудааст. Ӯро 2 марти соли 2021 ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карда буданд.

Соли 2012 ИМА Қамчӣ Колбоевро ҳамчун яке аз калонтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар паҳнои шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG