Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи 9-уми ҷанг. Як фармондеҳи "Ҳамос" кушта, амалиёти Исроил ба таъхир афтодааст


Тонкҳои артиши Исроил
Тонкҳои артиши Исроил

Артиши Исроил хабар дод, ки шаби гузашта як фармондеҳи "Ҳамос"-ро куштааст, ки созмондиҳандаи ҳамла ба ҷашнвораи мусиқӣ буд. Дар ин ҳамла беш аз 200 нафар кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ба асорат афтиданд. Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, Билол ал-Қудр дар пайи мушакборони Навори Ғазза кушта шуд.

Артиши Исроил ҳамчунин гуфт, шаби шанбе ба якшанбе ба зиёда аз 100 мавқеи низомӣ дар Навори Ғазза аз ҷумла ба минтақаҳои Зайтун, Хон-Юнис ва Ҷабалия зарба задааст. Аммо сокинони Ғазза гуфтаанд, дар ҳамлаи неруҳои исроилӣ сокинони мулкӣ ҳам куштаву захмӣ мешаванд.

Субҳи 7-уми октябр баъди ҳамлаи неруҳои "Ҳамос" ба чанд минтақаи Исроил, миёни ду тараф ҷанги нав сар зад. Дар ин ҷанг, ки нуҳ рӯз аст идома дорад аз ду тараф садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Тибқи охирин маълумотҳо, шумораи кушташудаҳо аз тарафи Исроил ба 1300 ва теъдоди захмиён қариб ба 3400 кас расид. Ба иттилои Вазорати тандурустии Фаластин, дар пайи мушакборони Навори Ғазза 2329 кас кушта ва қариб 10 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол, амалиёти замини артиши Исроил, ки қарор буд рӯзҳои истироҳати ин ҳафта оғоз шавад, чанд рӯзи дигар ба таърих афтодааст. Рӯзномаи The New York Times бо такя ба як мақоми баландпоя дар артиши Исроил навиштааст, номусоид омадани боду ҳаво яке аз сабабҳои ба таърих гузоштани амалиёти заминӣ буд.

"Амалиёт ба далели ҳавои абрнок "ҳадди ақал қисман" ба таъхир афтодааст, чун ин вазъи боду ҳаво метавонад ба кори халабонҳо ва танзимгарони бесарнишинҳо халал расонад. Интизор меравад, ки дар амалиёти заминӣ даҳҳо ҳазор нирӯҳои хушкигард ва тонкҳо бо ҳимояи ҳавопаймо ва тӯпхона ширкат кунанд,"-навиштааст The New York Times.

Як кӯдаки захмӣ дар Навори Ғазза
Як кӯдаки захмӣ дар Навори Ғазза

То оғози амалиёти заминӣ, Исроил аз сокинони Ғазза хост ба ҷануби минтақа кӯч банданд. Гуруҳи "Ҳамос" хостори нодида гирифтани ин талаб шуд.

Зимнан Вазорати дифои Амрико хабар дод, ки барои ҳимоят аз Исроил киштии ҷангии "Дуайт Д. Эйзенхауэр"-ро ба Баҳри Миёназамин мефиристад. Аз он тараф ҳукумати Эрон ҳушдор додааст, ки дар сурати қатъ нашудани мушакборони Ғазза, омодаи дахолат дар ин ҷанг аст. Артиши Исроил пешбинӣ кардааст, ки дахолати Эрон ба эҳтимоли зиёд кушодани "ҷабҳаи дуюм" аз ҳисоби гуруҳҳое мисли "Ҳизбуллоҳ" аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG